16 майи соли 2019 дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати СММ таҳти сарварии Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои муштарак ва ҳамоҳангшударо дар самти мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.