Сафари кории Сафири Тоҷикистон ба Донишгоҳи Кембриҷ

11.05.2019 00:51

10 майи соли ҷорӣ сафари кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода ба Донишгоҳи Кембриҷ сурат гирифт.

Сафири Тоҷикистон бино ба даъвати мудири Форуми Кембриҷ дар умури Осиёи Марказӣ, корманди илмии озмоишгоҳи Кевиндиш профессор Монту Саксена аз озмоишгоҳи Кевиндиши донишгоҳи мазкур боздид намуда, бо фаъолият ва икониятҳои он муассиса шинос шуд.

Дар Маркази пажӯҳишҳои рушди Донишгоҳи Кембриҷ мулоқоти Сафир бо пажӯҳишгарон, ки аксарияти мавзӯъҳои илмии онҳо ба минтақаи Осиёи Марказӣ ихтисос дорад, сурат гирифт. Сафир ба ҳозирин дар бораи имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Гузашта аз ин вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон бо профессор Лорд Роберт Майер, Мудири пажӯҳишгоҳи Донишгоҳи Кембриҷ, хонум Кристин Ван-Руймбеке , Роҳбари бахши форсии Донишгоҳи Кембриҷ баргузор шуданд. Дар он вохӯриҳо пиромуни масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илм, фанноварӣ ва навоварӣ, табодули донишҷӯён, муҳаққиқон ва олимон миёни Донишгоҳи Кембриҷ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии Тоҷикистон, инчунин анҷом додани корҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

1-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим