Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон

10.05.2019 20:25

10 майи 2019 дар Вазорати молия ва иқтисоди Туркманистон мулоқоти Сафири Тоҷикистон Фаррух  Шарифзода бо Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон, Раиси Комиссияи муштараки  байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ- техникӣ Батир Бозоров баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти фаъолияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникиро дар густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, саноат, энергетика, маориф ва фарҳанг таъкид намуда, зарурати истифодаи васеи иқтидори кишварҳоро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ қайд карданд.

TURKMENISTAN.jpg

 

Нигористон

Тақвим