Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Кувайт

07.05.2019 19:44

7 майи 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Дабири кулли навтаъйини Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Комил Абдулҷалил баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму фарҳанг, табодули сафарҳои ҳайатҳои фарҳангӣ, доираҳои илмӣ ва баругзории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар мулоқот инчунин бар зарурати баргузории чорабиниҳои бештари фарҳангӣ ҷиҳати огоҳии мардумони ҳарду кишвар аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқҳои якдигар таъкид шуд.

KUVEIT-01.jpg

 

Нигористон

Тақвим