Рӯзи 9 майи соли 2019 дар маҷмааҳои поси хотираи ҷанговарони шуравӣ дар боғи Трептов ва Тиргартени пойтахти Олмон-шаҳри Берлин маросими тантанавии гулгузорӣ баргузор гардид.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари сафоратхонаҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар таҷлили 74-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба ширкат варзид.
Бояд қайд намуд, ки ҳамасола чорабиниҳои гуногуни поси хотираи ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки аз ҷумлаи онҳо тақрибан 90 ҳазор ҳамватанони мо ҷони худро бохтаанд, дар шаҳри Берлин ва дигар минтақаҳои Олмон гузаронида мешаванд.