Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Сардори Мақомоти ҳамоҳангсози миллии зиддитерроризми Вазорати корҳои дохилаи Покистон

02.05.2019 13:37

2 майи соли 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Исматулло Насредин бо Сардори Мақомоти ҳамоҳангсози миллии зиддитерроризми Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Меҳр Холид мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкиму тавсеа бахшидани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар самти мубориза бо терроризм дар минтақа, роҳҳои ба эътидол овардани вазъи низомию сиёсӣ дар минтақа, мусоидат дар таъмини суботу оромии Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ ва монанди инҳо, муҳокима гардиданд.

Мулоқоту гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд, ки барои вусъати тоза бахшидани муносибатҳои шарикона дар шароити кунунӣ ва оянда мусоидат хоҳад кард. 

aks-az-muloqoti-Safir.jpg

Нигористон

Тақвим