29 апрели 2019 мулоқоти Сафири Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Вазири федеролии коммуникатсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон Мурод Саид баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар, хусусан дар бораи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи нақлиёт ва ҳамлу нақли бору маҳсулот мубодилаи афкор намуданд.
Вазири федеролии Покистон Мурод Саид ҷиҳати зудтар пайвастшавии Тоҷикистонро бо роҳҳои байналмиллалӣ тариқи бандари обии Покистон дастгирӣ намуд.