Дидори Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Қатар

01.05.2019 19:06

1 майи 2019 дар Давҳа дар ҳошияи Иҷлосияи 16-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё Муовини Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.

Дар он мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина ҷонибҳо омодагии худро ба амалисозии тавофуқҳое, ки қаблан байни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ҳосил шуда буданд, таъкид карданд.

KH-Noziri-bo-Vaziri-korkhoi-khorichii-Katar-1.png

 

Нигористон

Тақвим