Иштироки Тоҷикистон дар Иҷлосияи вазирони Муколамаи ҳамкории Осиё

01.05.2019 19:04

1 майи 2019 дар Давҳа Иҷлосияи 16-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии кишвар Хусрав Нозирӣ иштирок намуд.

Дар суханронии худ Х. Нозирӣ мавқеи кишвари моро дар мавриди самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби фаъолияти Муколамаи ҳамкории Осиё баён кард.

Дар хотимаи нишаст санади поёнии Иҷлосияи 16-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё - Эъломияи Давҳа қабул гардид.

Дар ҳошияи он иҷлос Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ роҳбарони ҳайати Тоҷикистон ва кишварҳои дигари узви Муколамаи ҳамкории Осиёро ба ҳузур пазируфт. 

MUOVINI-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим