Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Директори генералии Муассисаи хайриявӣ ва башардӯстонаи АМА

30.04.2019 18:52

29 апрели соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Директори генералии Муассисаи хайриявӣ ва башардӯстона “Шайх Зойид бин Султон Оли Наҳён”-и Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷаноби Ҳамад Солим ал-Омриро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва энергетика, инчунин ҷалби сармоя барои рушди соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти пешбурди соҳаи башардӯстона таъкид намуданд.

Vazir-bo-fond.jpg

Нигористон

Тақвим