Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

03.07.2014 18:01

3 июли соли 2014 дар чорчӯби сафари корӣ ба Лондон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабарти мулоқот намуд. Мулоқот дар қароргоҳи бонки мазкур баргузор гашт.

Дар рафти вохӯрӣ оид ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои миллӣ ва минтақавӣ бо иштироки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва инчунин дурнамои ҳамкории судманд миёни Тоҷикистон ва бонк табодули назар сурат гирифт.

Сироҷидин Аслов ба Президенти Бонк барои татбиқи лоиҳаҳо дар давоми 15 соли ахир арзи сипос намуд ва изҳори умед кард, ки лоиҳаҳои Бонк дар Тоҷикистон ба дастгирии бахшҳои хусусӣ, бонкӣ ва молияи хурд равона карда мешаванд. 

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

 

Нигористон

Тақвим