15 апрели соли 2019 дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамбастагӣ барои рушди устувор” дар шаҳри Бухарест Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Руминия Теодор Мелешкану мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар карданд.