15 апрели соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафари корӣ ба шаҳри Бухарест дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамбастагӣ барои рушди устувор” иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳои марбут ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии чорабинии мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зимни он таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба зарурати идомаи ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таҳкими зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ ва энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва таъмини рушди устувори минтақа ҷалб намуд.