8 апрели 2019 дар шаҳри Нахҷивон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамкорӣ бо Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Мухтори Нахчивони Озарбойҷон мизи мудаввар дар мавзӯи “Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон имкониятҳои сармоягузориро дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз қабили соҳаҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, сайёҳӣ ва ғайра муаррифӣ намуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони зиёда аз 20 ширкати давлатӣ ва хусусии Ҷумҳурии Мухтори Нахчивон ширкат варзиданд.