Ҷаласаи навбатии ҳайатҳои Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

07.04.2019 11:56

Санаҳои 4-6 апрели соли 2019 дар ш.Душанбе бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Ж.Разақов Ҷаласаи навбатии ҳайатҳои Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои давом додани кашидани гузариши хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда, оид ба ивази эҳтимолии қитъаҳои замин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади баратараф кардани реза-қитъаҳо ва порча-қитъаҳо, инчунин таъмини амну субот дар Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ва ба анҷом расонидани харитаҳои бузурги делимитатсионии топографии миқёси 1:10 000 Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протокол ба имзо расонида шуд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати дар асоси манфиати мутақобила ба анҷом расонидани муайянсозии хати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки кафили субот ва ҳамсоягарии нек дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мегардад, баён намуданд.

Нигористон

Тақвим