Фестивали байналмилалии Наврӯз-2019 дар Брюссел

25.03.2019 18:46

24 марти соли 2019 дар пойтахти Аврупо-шаҳри Брюссел фестивали байналмилалии Наврӯз-2019, баргузор гардид, ки дар он ҳамаи кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз, шахсони расмии Иттиҳоди Аврупо, Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ, Парлумони Аврупо, Сафирон ва намояндагони кишварҳои дигар, ҳамватанони бурунмарзӣ, намояндагони ВАО ширкат варзиданд. Як рӯзи комил Қасри ҳунарҳои зебои Брюссел – “Бозар”, ки издиҳоми ҳамаи мардуми ба ин ҷашни ниёгон шавқмандро ғунҷоиш дода натавонист, бо тантанаву маросими рангоранги Наврӯз қалбҳои ҳозиринро нишоту сурур бахшид.

Тоҷикистон дар ин чорабинии муҳим бо се бахши шоиста – намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки дастовардҳои дар ин ҷода доштаи кишварро бозгӯ кард, намоишгоҳи ғизову таомҳои наврӯзӣ ва намоишгоҳи аксҳову нигораҳое, ки ҳам маросимҳои суннатии ин ҷашни ниёгон ва ҳам табиати зебои кишварро ба маърази тамошо гузошт, иштирок варзид.

Ҳар се бахш мавриди эҳтимоми фавқулодаи ҳозирин қарор гирифтанд. Дар толори бошукуҳи Қасри ҳунарҳои зебо созу навоҳои дилангези Наврӯз ва таронаҳои Шашмақом танинандоз шуданд, ки онро намояндагони насли ҷадиди ҳунармандони кишвар аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо сабти нотакрор ба иҷро расониданд.

brusel.JPG

Brussels-24-03-2019.JPG

Нигористон

Тақвим