1 июли соли 2014 дар шаҳри Лондон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чаҳорчӯби сафари кории худ бо Вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир Алан Дункан мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамкории ду кишварро дар соҳаи рушди байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ арзи сипос намуд ва изҳори умед кард, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда низ густариш хоҳанд ёфт.