Дар таърихи 5 марти соли 2019 дар шаҳри Абу Забӣ, ҷаласаи дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб дар сатҳи муовинони Вазир баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ, Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати ҷониби аморотиро Муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, Халифа Шоҳин ал-Марар роҳбарӣ намуданд.
Зимни ҷаласаи мазкур, маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангӣ ва башардӯстона, таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, инчунин тақвияти ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникиро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак муҳим арзёбӣ намуда, зарурати вусъат бахшидани дурнамои ҳамкориро дар арсаҳои гуногун таъкид намуданд.

