26 июни соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ озими Ҷопон шуд.
Худи хамон рӯз дар Токио мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Фумио Кишида баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон, ки посухгӯи манфиатҳои мардумони ду кишвар ҳастанд, баҳои баланд доданд.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои дӯст доираи васеи мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика, маориф ва рушди захираҳои башарӣ ва соҳаҳои фарҳангиву гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазирон инчунин роҷеъ ба масъалаҳои мубрами глобалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карда, ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкории муштарак дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон ва дигар созмонҳои байналмилалии бонуфуз рағбати ду кишварро таъкид намуданд.
Дар ин робита, ба масъалаҳои вазъи байналмилалӣ, аз он ҷумла вазъияти Осиёи Шарқӣ ва Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Музокирот дар фазои озод ва ҳусни эътимод, ки хоси муносибатҳои шарикӣ ва ҳусни эҳтироми Тоҷикистону Ҷопон мебошад, баргузор гардид.
Натиҷаи назарраси мулоқот имзои Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2014-2016 мебошад. Санади мазкур ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсии ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон табодули Ёддоштҳо вобаста ба лоиҳаҳои “Бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон” ва “Ҷудо намудани идрорпулиҳо барои рушди захираҳои башарӣ” (бахши магистратура) ба тасвиб расонида шуданд.