Вохӯрии Сафир бо Вазири фарҳанг ва рушди дониши АМА

22.01.2019 06:56

21 январи соли 2019 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), Баҳодур Шарифӣ бо Вазири фарҳанг ва рушди дониши АМА хонум Нура бинт Муҳаммад ал-Каъбӣ доир гардид.

Зимни мулоқот, масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории фарҳангӣ, гузаронидани рӯзҳои фарҳангӣ ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим