Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дар ш.Боку

21.01.2019 06:50

Санаи 19 январи соли 2019 дар шаҳри Боку Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дастовардҳои сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018-ро муаррифӣ намуд.

Дар чорабинии мазкур вакилони Милли Меҷлис, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар шахсиятҳо аз доираҳои илму фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин роҳбарони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими ш.Боку, намояндагони васоити ахбори омма ва ҳамватанони муқими Озарбойҷон ширкат варзидаанд.

Зимни чорабини аз ҷониби Сафир мавзӯҳо вобаста ба оғози татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” - ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, оид ба сатҳи баланди дӯстию ҳамкорӣ ва шарикии стратегӣ ба роҳ мондани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез”, Мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод, Ҷаласаи шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе, инчунин нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар аз ҷумла эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун давраи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ироа гардид.

Дипломати тоҷик ҳамчунин дар бораи вазъи кунунии муносибатҳо, дурнамои густариши минбаъда ва таҳкими ҳамкории бисёрҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон суханронӣ намуд.

Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дар ш.Боку

Нигористон

Тақвим