Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии “Бандари баҳрии тиҷоратии байналмиллалии Боку”

12.01.2019 08:55

Санаи 10-уми январи соли 2019 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Директори генералии “Бандари баҳрии тиҷоратии байналмиллалии Боку” Талеҳ Зиядов баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо раванди муносибат ва ҳамкориҳои ду кишварро дар марҳалаи кунунӣ мусбат арзёбӣ намуда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳо дар масоили иқтисодию тиҷоратӣ, алалхусус интиқол додани молу колои Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Озарбойҷон бо нархҳои қобили қабул, изҳор омодагӣ намуданд.

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии “Бандари баҳрии тиҷоратии байналмиллалии Боку”

Нигористон

Тақвим