Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ

20.06.2014 10:26

18-19 июни соли 2014 41-умин Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ таҳти шиори “Таҳқиқи самтҳои ҳамкории исломӣ” дар шаҳри Ҷидда, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов суханронӣ (матни суханронӣ) намуда, мавқеи кишварро доир ба масъалаҳои муҳимми олами ислом, аз ҷумла қазияи Фаластин, ихтилофи ақоидӣ дар доираи як мазҳаб, пуштибонии пешниҳод ҷиҳати таъсиси Маркази гуфтугӯи мазҳабҳо (Center for dialogue amоng Islamic schools of thougths), дастгирии қатъномаҳои ин созмон дар масъалаҳои гуманитарӣ, фаннӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иттилоотӣ, ҷалби аҳамияти бештар барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод баён намуд.

Дар доираи иштирок дар ҳамоиш як зумра вохӯриҳои ҳайати кишвар, аз ҷумла, мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии Яман, Бангладеш, Мавритания, Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Умон ва намояндаи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, ки дар рафти онҳо масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, хоссатан СҲИ мавриди табодули назар қарор гирифтанд.

Дар нимаи дувуми 19 июни соли ҷорӣ вохӯрии роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли СҲИ Иёд Амин Маданӣ ва бо Президенти Бонки Рушди Исломӣ (БРИ) Аҳмад Муҳаммад Алӣ баргузор гардид, ки дар рафти онҳо масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СҲИ ва Бонки Исломии Рушд мавриди муҳокимаи тарафайн қарор гирифт.

Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ

Нигористон

Тақвим