Мулоқот бо вакилони Парлумони Аврупо

23.11.2018 09:45

22 ноябри соли 2018 дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вакилони Парлумони Аврупо зери роҳбарии хонум Ивета Григуле-Петерс, раиси Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо гардид.

Дар рафти мулоқот доираи васеи масоили марбут ба муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, хосатан дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, энергетика, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ, амният ва инчунин ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Нақши робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар ҷодаи пешбурди муносибатҳои самараноки Тоҷикистон бо ин иттиҳоди байнидавлатии бонуфуз баланд арзёбӣ гардид.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун шарики боэътимоди худ дар арсаи ҷаҳонӣ мешуморад ва бинобар ин равобити мутақобилаи тарафайн ҷиҳати мусоидат ба таъмини рушди устувори Тоҷикистон, пешрафти иҷтимоию иқтисодии он, суботи сиёсӣ ва амнияти кишвар, бартарафсозии хатару чолишҳои муосир бояд бемайлон густариш ёбад.  

Дар рафти сӯҳбат ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.  

Мулоқот бо вакилони Парлумони Аврупо

 

Нигористон

Тақвим