Санаи 16 ноябри соли 2018 дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмато, чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО-и Роғун баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони диаспораи тоҷик ва донишҷӯён аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар макотиби олии ш Астана таҳсил менамоянд, ширкат варзиданд.
