16 ноябри соли 2018 дар шаҳри Бишкек Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) вохӯрии ҳаштуми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин иштирок ва дар ҳар се ҷаласаи мулоқот суханронӣ намуд.
Мулоқот таҳти раисии роҳбари UNRCCA хонум Наталя Герман баргузор гардида, дар ҷаласаи ифтитоҳии он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков суханронӣ намуд. Ҳайатҳои кишварҳои дигари минтақа низ дар ҳамоиши мазкур дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Зимни нишаст масъалаҳои марбут ба таҳкими амният дар минтақа, фаъолияти UNRCCA ва ҳамкории минбаъда дар ҷодаи таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи сеюми чорабинӣ, ки бо иштироки Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид, масъалаҳои вобаста ба вазъи ин кишвар ва таъсири он ба амният дар минтақа баррасӣ гардиданд.
