Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия

09.06.2014 11:41

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия 11 майи соли 1994 барқарор гардидаанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия (бо иқомат дар ш. Минск) Қозидавлат Қоимдодов мебошад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар ш. Тошканд) Игорс Апокинс мебошад.

Соли 2013 ҳаҷми табодули мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия 35004,5 ҳаз.долл. ИМА-ро (содирот 3924,7 ҳаз. долл. ИМА ва воридот 31079,8 ҳаз. долл. ИМА) ташкил кард.

Асоси заминаи ҳуқуқӣ-шартномавии муносибатҳои ду кишварро 7 санади байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ташкил менамояд.

Дар ҳошияи ҳамкориҳои сиёсӣ 8-9 феврали соли 2009 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Латвия анҷом пазируфт.

Дар чамъмабсти он сафар Изҳороти муштараки президентҳои Тоҷикистон ва Латвия, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии пардохт нагаштани андозҳо аз даромад ва сармоя, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ, Протокол оид ба ҳамкорӣ байни вазоратҳои хоричии ду кишвар ва Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни палатаҳои саавдо ва саноати ду кишвар ба тасвиб расида буд.

Дар ҳошияи он сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо Раиси Парлумони Латвия Гундарс Даудзе вохӯрӣ гузаронид. Мавзӯъҳои вохӯрии баргузоргашта масъалаҳои барқарор ва рушди робитаҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба буданд.

Баъдан дар шаҳри Рига Анҷумани соҳибкорон бо иштироки доираҳои соҳибкории ду кишвар ба вуқӯъ пайваст.

Сафари ҷойдошта ба рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар такони тозае бахшид. Натиҷаҳои назарраси он сафар ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоии “Душанбе-Рига”, инчунин тақрибан ба се маротиба афзоиш ёфтани сафарҳои кории соҳибкорони Латвия ба Тоҷикистон мебошанд.

11-14 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс бо сафари ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.

Зимни гуфтушунидҳои баргузоршуда дар сатҳи олӣ масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди алюминий, нахи пахта, пашм, мева ва сабзавот, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, ки захираҳои ғании онҳо дар Тоҷикистон мавҷуданд, мавриди муҳокима қарор гирифта буданд.

Валдис Затлерс ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, қайд намуд, ки Латвия омода аст, то ба Тоҷикистон дар сохтмони НОБ-ҳои бо иқтидори хурду миёна мусоидат намояд.

Ҳамзамон дар рафти он музокирот мавҷудияти имкониятҳои фарох барои ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм ва техника, фарҳанг ва туризм, хосатан туризми экологӣ қайд гардида буд.

Дар ҷамъбасти гуфтушунидҳо ҷонибҳои як қатор санадҳоро, аз ҷумла Изҳороти муштарак оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия, ду созишнома оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, саноатӣ, илмӣ ва техникӣ ва оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба имзо расида буд.

Дар чорчӯбаи ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ 20-21 ноябри соли 2013 дар шаҳри Рига аввалин ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Латвия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ баргузор гардид.

Аз 9 то 11 июни соли 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Барномаи сафар, вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш, вохӯрии ҳайатҳои васеи ду кишвар ва имзои як қатор санадҳои дуҷонибаро дарбар мегирад.

Инчунин Президенти Латвия бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот хоҳад кард.

Дар чорчӯби ин сафар Анҷумани соҳибкорони ду кишвар баргузор хоҳад шуд ва ин Анҷуманро Президенти Латвия ва Сарвазири Тоҷикистон ҳусни ифтитоҳ хоҳанд бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш инчунин ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф хоҳад овард, ки он соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гашта буд.

Ҷониби Тоҷикистон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Бернизшро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун саҳифаи нав дар робитаҳои дуҷониба арзёбӣ менамояд ва умедвор аст, ки натиҷаҳои он барои таҳким ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун хизмат хоҳад кард.

Нигористон

Тақвим