Дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон

05.06.2014 16:37

5 июни 2014 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмонӣ дидор ва гуфтугӯ намуд.

Дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон

Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки самти ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад. Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон, ки бо он муштаракоти зиёди забонӣ ва фарҳангию таърихӣ дорад, аз солҳои нахустини истиқлоли давлатии худ ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо ин кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамтои афғонии худро бо баргузории муваффақонаи даври якуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои даври ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба таҳкими сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии он кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Вазири умури хориҷаи Афғонистон, бо ишора ба ҷойгоҳи муҳимми геостратегии ду кишвар дар минтақа, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Афғонистон ба манзури рушду тавсеаи худ бояд муштаракан тарҳҳои бузурги зербиноиро дар соҳаҳои ҳамлу нақл, истеҳсол ва интиқоли нирӯи барқ ва ғайра амалӣ намоянд.

Мусоҳибон бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба, ба густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми заминаҳо ибрози омодагӣ карданд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум гузашт.

Дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон

Дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон

 

                          


Нигористон

Тақвим