Мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

04.06.2014 16:53

Аз 24 май то 3 июни соли 2014 дар Душанбе мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” миёни корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе баргузор гардид.

Мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”Чорабинии мазкур ба Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон, ки имсол аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, бахшида шуд. Дар мусобиқа даҳ даста, аз ҷумла сафоратҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷопон, Қатар ва Арабистони Саудӣ, дастаи муштараки созмонҳои байналмилалӣ (UNION), Созмони ҳамкории Олмон (GIZ) ва Вазорати корҳои хориҷӣ ширкат доштанд.

Бозии финалӣ, ки 3 июн миёни дастаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва дастаи муштараки созмонҳои байналмилалӣ (UNION) баргузор гардид, бо ҳисоби 3-0 бо пирӯзии дастаи Вазорати корҳои хориҷӣ анҷом ёфт. Ҷойи сеюмро дастаи Созмони ҳамкории Олмон (GIZ) ишғол намуд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ба сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар мусобиқаи мазкур ширкат доштанд, арзи сипос менамояд.

Мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Нигористон

Тақвим