Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо вакили Парлумони Аврупо

04.06.2014 16:45

4 июни соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсонро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетика, идораи захираҳои об ва муҳити зист баррасӣ шуданд.

Дар робита ба авзои Афғонистон ва натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар Иттиҳоди Аврупо низ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Вазири корҳои хориҷӣ ҷ-би Стивенсонро барои иштирок дар Конфронси минтақавӣ оид ба мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи ҳамкории энергетикӣ, ки аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ташкил карда мешавад, даъват намуд.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо вакили Парлумони Аврупо

Нигористон

Тақвим