Вохӯриҳои гуруҳҳои корӣ ҷиҳати омодагӣ ба Машваратҳои дуҷонибаи солона миёни Тоҷикистон ва ИМА

03.06.2014 09:56

2 июни соли 2014 мулоқоти гуруҳҳои корӣ ҷиҳати омодагӣ ба Машваратҳои дуҷонибаи солона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардиданд.

Дар рафти вохӯриҳо тамоми масъалаҳои рӯзномаи машваратҳо аз ҷониби ҳайатҳои ду кишвар мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

3 июни соли 2014 вохӯрии умумии машваратҳои дуҷониба ҷиҳати дарёфти самтҳои ояндаи ҳамкориҳо баргузор хоҳад шуд.

Нигористон

Тақвим