30 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи сездаҳуми Шӯрои мазкур баргузор шуд. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, масъулини вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ширкат варзида, оид ба натиҷаҳои раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ гузориш дод.