Ҳамоиш оид ба муаррифии имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон дар Покистон таҳти унвони «Тоҷикистон – сарзамини икмониятҳо барои саноати саёҳии Покистон»

02.06.2018 10:44

31-уми майи соли 2018 по ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, дар ҳамкорӣ бо кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корпоратсияи рушди саёҳии Покистон ҳамоиши видеоиро оид ба муаррифии имкониятҳои саёҳӣ - «Тоҷикистон – сарзамини имкониятҳо барои саноати саёҳии Покистон»-ро ташкил намуданд, ки дар он намояндагони ширкатҳои саёҳии Покистон ва ВАО ин кишвар ширкат намуданд.

Раиси корпоратсияи рушди саёҳии Покистон Чоудҳрӣ Абдул Ғаффор Хон, ҳамоиши мазкурро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки дар шароити кунунӣ саноати саёҳӣ яке аз самтҳои бо майлон рушдёбанда дар соҳаи хидматрасонӣ ба шумор меравад. Вай изҳор намуд, ки халқхои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро  умумиятҳои маънавӣ, урфу одат ва таърихи гузашта бо ҳам мепайванд ва бо инобати ин дар рушди саёҳӣ байни ин маинтақаҳо имкониятҳои бузурги рушд мавҷуд мебошанд.

Сафири Тоҷикистон Ҷононов Ш.С. гуфт, ки тибқи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2018 «Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст. Қайд карда шуд, ки фармони мазкур бо мақсади рушди соҳаи саёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои саёҳи кишвар ва тамаддуни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба зербиноии саёҳӣ қабул гардидааст.

Баъдан муовини Раиси кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода аз тариқи пули телевизионӣ аз Душанбе дар бораи рушди саёҳӣ дар Тоҷикистон маърӯза намуд. Номбурда қайд кард, ки рушди саноати саёҳӣ дар сатҳи давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисод эътироф карда шудааст. Ширин Амонзода хабар дод, ки Тоҷикистон бо инобати дороии захираҳои нотакрори табиӣ ва фарҳангу тамаддуни қадим, имкониятҳои татбиқнашудаи бузурги баҳри рушди саёҳиро дар бозорҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дорад.

Ӯ ҳамчунин дар бораи чораҳои қонунӣ ва андозию хироҷӣ оид ба ташвиқи ҷалби сармоя дар зербиноии саёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти пурра дод.

Дар хотима байни ширкаткунандагони ҳамоиш, муовини Раиси кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва сафорати Тоҷикистон дар Исломобод саволу ҷавобҳои мустақим оид ба масъалаҳои реҷаи раводидӣ, барқарор намудани равобити корӣ байни ширкатҳои саёҳии ду кишвар, ташкили хатсайрҳои парвоз байни ду кишварҳо ва татбиқи ҳолатҳои созишномаиҳои байналмилалии дуҷониба сурат гирифт.

Дар хатми ҳамоиш маводҳои наворӣ ва аккосии имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон, ки бо таърихи Роҳи абрешим алоқаманд мебошанд, нишон дода шуданд.
  Ҳамоиш оид ба муаррифии имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон дар Покистон таҳти унвони «Тоҷикистон – сарзамини икмониятҳо барои саноати саёҳии Покистон»

 Ҳамоиш оид ба муаррифии имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон дар Покистон таҳти унвони «Тоҷикистон – сарзамини икмониятҳо барои саноати саёҳии Покистон»

 Ҳамоиш оид ба муаррифии имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон дар Покистон таҳти унвони «Тоҷикистон – сарзамини икмониятҳо барои саноати саёҳии Покистон»

 Ҳамоиш оид ба муаррифии имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон дар Покистон таҳти унвони «Тоҷикистон – сарзамини икмониятҳо барои саноати саёҳии Покистон»

Нигористон

Тақвим