Ҷумҳурии Тоҷикистон хунрезӣ дар навори Ғазза ва кушта шудани даҳҳо шаҳрванди Фаластинро, ки ба тазоҳуроти осоишта баромада буданд, қотеона маҳкум менамояд.
Шиддатёбии вазъият ва таҳрики амалиёти хушунатбор вазъияти бе ин ҳам хатарноки минтақаро печидатар месозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати ҳатмии ҳалли низоъ бар асоси қатъномаҳои маълуми Шӯрои амнияти СММ, аз ҳамаи ҷонибҳо даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи зӯр ва амалҳое, ки поя ва асоси сулҳу суботро аз байн мебаранд, худдорӣ намоянд.