Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Директори генералии Маркази байналмилалии пажӯҳиши таърих, санъат ва фарҳанги исломи СҲИ

07.05.2014 15:47

7 майи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Директори генералии Маркази байналмилалии пажӯҳиши таърих, санъат ва фарҳанги исломи Созмони Ҳамкории Исломӣ доктор Халит Эренро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо он Марказ ва баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ дар Душанбе дар мавзӯи фарҳанг, санъат ва таърихи ислом дар Осиёи Марказӣ муҳокима гардиданд. Ҷонибҳо инчунин афзуданд, ки омӯзиши тамаддуни ислом ва нигоҳдории мероси фарҳангӣ барои баланд бардоштани нуфузи мусбати дини ислом дар ҷаҳони муосир муҳим мебошад.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Директори генералии Маркази байналмилалии пажӯҳиши таърих, санъат ва фарҳанги исломи СҲИ

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим