Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

30.04.2014 14:44

30 апрели соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Юсуф ибни Тарод ас-Саъдунро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 13 майи соли 2014 дар Риёз баргузор хоҳад шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо  Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

Нигористон

Тақвим