Супоридани Эътиборнома аз ҷониби Сафири Австралия

28.04.2014 18:36

28 апрели соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири нави Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пол Майлерро ба муносибати супурдани нусхаи Эътиборнома ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Австралия, масъалаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани муколамаи мутақобилан судманд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо рағбати худро ҷиҳати густариши  ҳамкориҳои  минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва инчунин гуманитарӣ иброз намуданд.

Супоридани Эътиборнома аз ҷониби Сафири Австралия

Супоридани Эътиборнома аз ҷониби Сафири Австралия

Нигористон

Тақвим