Супоридани нусхаи Эътиборнома аз ҷониби Сафири Исроил

28.04.2014 15:37

28 апрели соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири нави Фавқулода ва Мухтори Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кармелла Шамирро ба муносибати супурдани нусхаи Эътиборнома ба ҳузур пазируфт.  

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Исроил дар соҳаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.

Супоридани нусхаи Эътиборнома аз ҷониби Сафири Исроил

Супоридани нусхаи Эътиборнома аз ҷониби Сафири Исроил

Нигористон

Тақвим