Эълон оид ба аккредитатсияи намояндагони ВАО (Туркманистон)

25.04.2014 09:32

Ба таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори омма мерасонем, ки аз 25 апрели соли 2014 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали моҳи майи соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт, оғоз намуд.

Намояндагони ВАО, ки майли иштирок дар пушиши иттилоотии сафари мазкурро доранд, бояд ба Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тел. 221-43-69, 221-01-26, e-mail: informdepartment@mfa.tj) муроҷиат намуда, маълумотҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1. Ному насаби пурраи намояндаи ВАО;
2. Номи ВАО, кишвар ва вазифа;

Муроҷиати намояндагони ВАО барои аккредитатсия то соати 17:00 28 апрели соли 2014 қабул мегарданд.

Нигористон

Тақвим