Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар иҷлоси ҳаштуми Форуми ҳамкории “Ҷумҳурии Корея - Осиёи Марказӣ”

22.04.2014 15:07

22 апрели соли 2014 дар Сеул иҷлоси ҳаштуми Форуми ҳамкории“Ҷумҳурии Корея - Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов иштирок намуд.

Дар маросими ифтитоҳи Форум роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи амиқи Тоҷикистонро ба рушди ҳамкориҳои гуногунчанба дар доираи Форум ва истифодаи имконоти он дар таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар минтақа таъкид намуд.

Дар доираи Форум ҷаласаи махсус оид ба масъалаи ниҳодина кардани ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Иштирокдорони ҷаласа тасмим гирифтанд, ки гурӯҳи кориро доир ба масъалаи таъсиси Котиботи Форуми ҳамкорӣ ташкил кунанд.

Дар чаҳор ҷаласаҳои алоҳидаи Форум масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ ва ҷангалпарварӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокдорони Форум аҳамияти муҳокимаҳои баргузоршударо таъкид намуда, зарурати татбиқи лоиҳаҳои мушаххас, ки манфиатҳои умумии кишварҳои узви Форумро таҷассум мекунанд, таъкид карданд.

Дар доираи Форум мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ Н. Зоҳидов бо Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чо Тэ-ёнг баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, манфиатдории муштараки худро ба истифодаи имконоти зиёди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд. Дар мулоқот ҳамчунин имконоти тавсеаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима шуданд.

Нигористон

Тақвим