Муносибатҳои Тоҷикистон бо Австралия

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Австралия 26 декабри  1991 барқарор шудаанд.

Аз 16 июли соли 2016 сафири Фавқулода ва Мухтори Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Петер Тесч мебошад (бо иқомат дар Москва)

28 январи 2010, дар чаҳорчӯбаи Конфронси Лондон оид ба Афғонистон, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳ. Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Австралия мулоқот намуд.

10 майи 2012 машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардиданд.

Дар 3-5 июли соли 2013, ҳайати Австралия дар роҳбарии Сафир оид ба вазифаҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар оид ба масъалаҳои зиддитеррористӣ ташриф овард. Вохӯрӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

10-11 июли 2013 сафари кории Вазири корҳои хориҷӣ ба Австралия баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ӯ бо Вазири тиҷорат, инчунин бо намояндагони созмонҳои давлатии рушди савдои AUSTREID мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои фарогир мубодилаи афкор намуданд.

28 апрели 2014 Сафири Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Муҳриддин вохӯри намуд.

Рӯзҳои 28-29 апрели 2014 ҳайати Австралия ба сафари корӣ анҷом дод. Дар рафти сафар бо роҳбарияти Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯриҳо баргузор гардиданд.

Гардиши савдои хориҷии миёни кишварҳо дар соли 2018 ба 1,791,700 доллари ИМА баробар шуд.

Нигористон

Тақвим