Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Ҷопон

18.04.2014 09:57

18 апрели соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Коикэро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, алалхусус роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф, энергетика ва обтаъминкунӣ мубодилаи афкор намуданд.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Япония

 

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим