Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷопон

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон 2 феврали соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон 28 ноябри соли 2007 ифтитоҳ ёфтааст ва Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2002 кушода шудааст.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов (аз 2018) ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аикӣ Тошиҳиро (аз 2022) мебошад.

Дар давраи муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар барои таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ заминаи хубе бунёд гардидааст ва аз ҳама муҳим – сатҳи баланди мушорикат, эътимоди тарафайн ва эҳтиром ба даст омадааст.

Рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба ин боздидҳои корӣ ва расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷопон, аз ҷумла сафари ахири расмӣ 3-5 октябри соли 2018 доир шудааст. Натиҷаи сафари мазкур ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон такони тоза бахшидааст.

Нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 октябри соли 2015 барои рушди муносиботи дӯстона, ҳамкориҳои мутақобилан судбахш ва таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ такони ҷиддӣ бахшида, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи онҳо марҳалаи навро оғоз намудааст.

Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Ҷопон соли 2008 таъсис ёфтааст. Нахустин нишасти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ бо иштироки ҳайатҳои вакилони ду кишвар 6 марти соли 2019 дар ш. Токио ва вохӯрии дуюми он 2 августи соли 2022 дар ш. Душанбе доир шудааст.

Ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба сафарҳои расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷопон (охирон маротиба соли 2014) ва вазири корҳои хориҷии Ҷопон ба Тоҷикистон (охирон маротиба моҳи майи соли 2019) мусоидат намуданд.

Тоҷикистон ва Ҷопон машваратҳои сиёсиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд. То ба имрӯз се даври машваратҳои сиёсӣ (дар солҳои 2013, 2018 ва 2021) байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардидаанд.

Нахустин даври Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ 14 апрели соли 2017 дар Токио баргузор гардидааст.

Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 65 созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар чаҳорчӯби СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ ҳамкорӣ менамоянд. Ду кишвар дар бисёр масъалаҳои муҳими байналмилаливу минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта, ташаббусу номзадиҳои якдигарро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҷонибдорӣ менамоянд.

Майдони хуб дар самти ҳамкориҳои бисёрҷониба Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» маҳсуб меёбад. Ин сиғаи ҳамкории минтақавӣ аз соли 2004 инҷониб амал мекунад, ки дар доираи он нишасту вохӯриҳо дар сатҳи коршиносон, муовинони вазир ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама баргузор мешаванд. 7-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” 16-17 майи соли 2019 дар Душанбе доир гардидааст. Маротибаи охир, ҷаласаи 8-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” 15 апрели соли 2022 дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Ҳамчунин, 24 декабри 2022 дар Токио нишасти 9-ми вазирони корҳои хориҷии “Муколамаи Осиёи Марказӣ+Ҷопон" доир шуд, ки зимни он масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷопон, 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Аҳамияти зиёдро барои таҳкими ҳамкории дуҷониба фаъолияти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), ки аз соли 2006 дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳм мегузорад, молик аст.

Ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон дар соҳаи маориф тибқи нақша аз соли 1993 рушд менамояд. Зиёда аз 2500 намояндагони тахассусҳои ҷумҳурӣ то ба ин рӯз дар давраҳои омӯзишӣ дар Ҷопон иштирок кардаанд. Саҳми муносиби худро “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (JDS) дар омодасозии мутахассисони ҷавони хизмати давлатӣ дар соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисод ва менеҷмент аз соли 2009 то ба ин ҷониб гузошта истодааст.

Ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт аз соли 1999 рушд мекунад. То ба имрӯз тарҳу лоиҳаҳои хурду бузург дар доираи кумакҳои грантӣ ва техникӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои грантии бозсозии роҳҳои автомобилгарди Дӯстӣ-Панҷи Поён (марҳилаи 1 ва 2), Бохтар-Дӯстӣ, сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва қитъаи роҳи Қизилқалъа-Бохтари шоҳроҳи Душанбе-Бохтар роҳандозӣ шудаанд.

Ҳукумати Ҷопон барои беҳбудии системаи оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ пайваста саҳм мегузорад. Лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ» ҳамчун беҳтарин тарҳи татбиқшудаи ширкатҳои японӣ дар соҳаи сохтмони шаҳрвандӣ дар хориҷи кишвар аз ҷониби Ҷамъияти муҳандисони шаҳрвандии Ҷопон (Japan Society of Civil Engineers JSCE) интихоб гардидааст.

Ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика батадриҷ ривоҷ меёбанд. Татбиқ ва баистифодадиҳии лоиҳаи «Беҳтар кардани вазъи зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» намунаи хуби ин ҳамкориҳо мебошад.

Фаъолияти якумин корхонаи дорусозии муштараки Тоҷикистону Ҷопон – «Аввалин» дар вилояти Хатлон, ки бо иштироки ширкати саҳҳомии ҷопонии «Кокӣ» таъсис ёфтааст, дар рушди робитаҳои иқтисодӣ низ саҳми назаррасе мегузорад.

Гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2021 беш аз 88 млн. доллари ИМА ва дар давраи январ-августи соли 2022 беш аз 67 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст.

20.11.2023

Нигористон

Тақвим