20 декабри соли 2017 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Питер Олтерс баргузор гардид.
Зимни мулоқот оид ба самтҳои асосии Барномаи чорчӯбавии шарикии Бонки Ҷаҳонӣ бо кишвар барои солҳои 2018-2023 табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои таҳкими муносибат ва ҳамкориҳоро бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор дар кишвар баррасӣ намуданд.