Муносибатҳои Тоҷикистон бо Эрон

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи 1992 барқарор шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон: Низомиддин Зоҳидӣ аз моҳи апрели 2019.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадтақии Собирӣ, аз моҳи марти соли 2019.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳи январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли 1995 ифтитоҳ гардид.

Дар тӯли 27 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон (солҳои 1995, 1996, 1997, 1998, 2000, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, 2011, 2013) ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1997, 2000, 2010, 2011, 2012, 2014, 2019) боздид ба амал овардаанд.  

Сафари Вазири корҳои хориҷии Эрон ба Душанбе 16 апрели 2018 ва сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон 1-2 июни 2019 баргузор гардид.

То ба имрӯз се даври машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ва Теҳрон доир гардидаст.

Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ  нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.

Дар соли 2018 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Эрон 97 млн. 235,4 доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин маблағ 35 млн.145,6 ҳазор доллар содирот ва 62 млн. 089,4 ҳазор доллар воридот мебошад.

Ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар аз умқи таърих сарчашма мегирад. Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дорои пайвандҳои таърихию меросӣ мебошанд.

Нигористон

Тақвим