Муаррифии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «JATA Tourism Expo Japan - 2017»

28.09.2017 11:25

21-24 сентябри соли 2017 дар ш. Токио дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии “Tokyo Big Sight” машҳуртарин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «JATA Tourism Expo Japan - 2017» баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ ширкати сайёҳии ватании “Сайру саёҳати кӯҳии Тоҷикистон” муаррифӣ намуда, иштирокчиён ва тамошобинонро дар рафти намоиш бо захираҳои бойи сайёҳии Тоҷикистон ошно карданд. Ҳамчунин ба тариқи дар маърази дид гузоштани буклету брошюраҳои иттилоотӣ, барномаҳои сайёҳӣ бо забони японӣ ба таври возеҳ манзараҳои нотакрори табиӣ, ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ, хӯрокҳои анъанавии миллӣ, хусусияти нодири шарқӣ, меҳмоннавозии самимӣ ва мавҷудияти инфрасохтори замонавии кишварро инъикос намуданд.

Зимни баргузории намоишгоҳи мазкур Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии кишвари иқомат “All Season Travel” имкониятҳои васеъи сайёҳии Тоҷикистонро ҷиҳати ҷалби сайёҳони он кишвар мавриди  тарғибу ташвиқ қарор дод.

Тибқи маълумоти ташкилкунандагони намоишгоҳ соли 2016 намояндагони зиёда аз 128 кишвар аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба намоишгоҳи "JATA Tourism EXPO Japan" таваҷҷуҳ зоҳир намуда, беш аз 1790 ширкатҳои сайёҳӣ дар он иштирок карданд.

Муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «JATA Tourism EXPO Japan» баҳри афзоиш додани шумораи сайёҳони японӣ муфид хоҳад буд.

Муаррифии Тоҷикистон дар намоишгоҳи  «JATA Tourism Expo Japan - 2017»

Муаррифии Тоҷикистон дар намоишгоҳи  «JATA Tourism Expo Japan - 2017»

 

Нигористон

Тақвим