18 сентябри соли 2017 дар ш. Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 72-юми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон Петер Сиярто баргузор гардид.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Маҷористон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар рафти мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчунин Созишнома миёни Тоҷикистону Маҷористон оид ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориро ба имзо расониданд.