Муносибатҳои Тоҷикистону Туркия

31.01.2024 10:08

Ҷумҳурии Туркия яке аз аввалин кишварҳое буд, ки 29-уми январи соли 1992 Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф ва муносибатҳои дипломатиро бо кишвари мо барқарор намуд.  Соли 1992 дар Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Туркия ба фаъолият оғоз кард ва соли 1995 дар Анқара Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ (04.01.2025) ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар (01.02.2023) таъйин шудаанд.

Дар тӯли зиёда аз 32 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия 8 бор (моҳи майи 1996, октябри 1998, ноябри 1999, октябри 2002, июни 2004, январи 2006, марти 2009, декабри 2012) ва Президенти Ҷумҳурии Туркия аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 бор (сентябри 1995, ноябри 2001, майи 2009, июни 2019) боздидҳои расмию корӣ ба амал оварданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2019, июни 2021 ва феврали 2024 ба Анқара ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия октябри соли 2016,  марти 2021 ва январи 2024 ба Душанбе сафарҳои расмию корӣ анҷом доданд.

Лозим ба зикр аст, ки машваратҳои сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия мунтазам баргузор мешаванд. То кунун 9 давраи машваратҳо доир гардидаанд. Ҳамзамон машваратҳои консулӣ байни Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия амал мекунад.

Соли 2024 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 445 млн. 812,8 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод, ки аз ин 239 079,4 ба содирот ва 206 733,4 ба воридот рост меояд. Ин нишондод нисбат ба соли 2023  22,8% бештар буда, Туркия дар бахши содирот чорумин шарики асосии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар рушди ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст.

Маҷмуан, солҳои 2007-2024 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус саноат, хидматрасонӣ ва савдо беш аз 285 млн. доллари ШМА сармояи туркӣ, аз ҷумла 151,6 млн. доллари ШМА сармояи мустақим ҷалб шудааст.

Ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар аз умқи таърих сарчашма мегиранд. Тоҷикистон ва Туркия дорои мероси фарҳангии муштарак мебошанд, ки бо номи мутафаккирони бузурги ҷаҳонӣ, монанди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ иртибот дорад. Дар ин замина бо ташаббуси ҳарду ҷониб ба муносибати гиромидошти ин чеҳраи мондагор 19-20-уми октябри 2018 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Мавлоно - васлгари халқҳо ва тамаддунҳо” баргузор гардид.

 

04.03.2025

Нигористон

Тақвим