Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Швейтсария бо Раиси Парлумони Швейтсария

04.07.2017 14:29

3 июли соли ҷорӣ мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Ҷ. Ҳомидов бо Раиси Шӯрои Миллӣ (Палатаи болоӣ) - и Парлумони Швейтсария, Юрг Штал баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байни ду давлатро баррасӣ карда, оид ба имконияти тавсеаи онҳо тавассути барқарории робитаҳои байни парлумонҳои ду кишвар ва ба вуҷуд овардани гурӯҳҳои дӯстӣ дар байни вакилон мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқот дар муҳити дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Швейтсария бо Раиси Парлумони Швейтсария

Нигористон

Тақвим