18 июни соли 2017 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт З. Зубайдов бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Алӣ Сулаймон ас-Саъид доир гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ҷиҳати тавсеа ва таҳкими робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, кори минбаъдаи Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигарро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба вазъияти минтақа табодули назар намуданд.